ВКД Русия нақшаи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро тасдиқ кард

Аз 1 октябр ВКД Русия ба ихроҷи муҳоҷироне, ки мақоми қонунии ҳузури худро дар Русия танзим накардаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад. Нашрияи Коммерсант бо истинод ба сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова менависад, имрӯз моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба охир мерасад. "Барои категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз 30 сентябр […]

Asia-Plus

Аз 1 октябр ВКД Русия ба ихроҷи муҳоҷироне, ки мақоми қонунии ҳузури худро дар Русия танзим накардаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.

Нашрияи Коммерсант бо истинод ба сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова менависад, имрӯз моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба охир мерасад.

"Барои категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз 30 сентябр дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд, меъёрҳои Қонуни федералии 115 татбиқ карда мешаванд, ки мутобиқи он, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати андешидани чораҳои маъмурӣ то ихроҷ аз қаламрави Русия имкон медиҳад”, – гуфтааст Казакова зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Валентина Казакова, айни замон бо шумули муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳудуди 7 млн муҳоҷир дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, зиёда аз 1 млн нафар, ки замони пандемия дар Русия монда буданд, мақоми ҳуқуқии худро танзим кардаанд.

Моҳи апрели соли гузашта президенти Русия Владимир Путин дар робита ба пандемия ва баста шудани сарҳадҳо, бо фармони худ муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷиронро тамдид кард.

Ҳангоми амали моратория ба шаҳрвандони хориҷӣ лозим набуд, ки ҳуҷҷатҳои худро дар бораи иқомати муваққатӣ (аз ҷумла раводид) дар Русия нав кунанд. Шартҳои бақайдгирӣ дар ҷои будубош, инчунин шартҳои истиқомати муваққатӣ ва доимӣ (аз ҷумла тамдиди иҷозатномаи зист) амал намекарданд.

Муҳлати амали ин фармон 15 июни соли 2021 ба охир расида, аммо Владимир Путин онро то 30 сентябр тамдид кард. Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия  Валерий Фадеев ба "Коммерсант" гуфтааст, мораторий ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия метавонад пас аз 30 сентябр тамдид карда шавад. Инро чанд манбаи ҳукумат низ тасдиқ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.