Суди Левакант соҳибкорро ба се соли зиндон маҳкум кард

Сокини шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Азизҷон Амиршоев моҳи марти соли 2019 ширкати сохтаи ҶДММ “Левакант”-ро таъсис дода, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудааст. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз моҳи май то декабри соли 2019 Амиршоев аз Эрону Чин ба маблағи умумии 3 млн 856 ҳазору 590 доллар ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмон ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Азизҷон Амиршоев моҳи марти соли 2019 ширкати сохтаи ҶДММ “Левакант”-ро таъсис дода, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудааст.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз моҳи май то декабри соли 2019 Амиршоев аз Эрону Чин ба маблағи умумии 3 млн 856 ҳазору 590 доллар ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ оварда, ҳудуди 1,5 млн сомонӣ андозро пардохт накардааст.

Суди шаҳри Левакант Амиршоевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 260 (Соҳибкории сохта) ва 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Соҳибкор ба се соли зинодони низомаш умумӣ маҳкум шуда, минбаъд ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан барояш манъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.