Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар солҳои наздик ҳудуди 4,8 млрд сомонӣ маблағгузорӣ ваъда кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 млн сомонӣ ба […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 млн сомонӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 млрд сомонӣ равона гардидааст. Танҳо соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталиф, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 922 млн сомонӣ равона шудааст.

Зимни суханронӣ президент таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се млрд 300 млн сомонӣ идома дорад.

Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.

Аз дастовардҳои вилоят дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, Президенти мамлакат таъкид намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ВМКБ ба маблағи умумии 300 млн сомонӣ 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Дар соли 2021 барои соҳаи тандурустии вилоят аз буҷети давлат ҷудо кардани 92 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 фоиз зиёд мебошад.

“То соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ мерасонид, – гуфт сарвари давлат. – Имрӯз шумораи чунин муассисаҳо ба 347 расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд”.

Пас аз суханронии президент ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи бошукуҳи консертии аҳли ҳунари вилоят ба ифтихори солгарди истиқлолият баргузор гардид, ки бисёр хотирмону дилнишин буд.

Ҳамаи суратҳо аз хадамоти матбуоти президентиТоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.