ВКД гунаҳкорони оташзании мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро дар Душанбе ҷустуҷӯ дорад

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзҳои 23 ва 26 сентябр ду мошини гаронбаҳои тамғаи хориҷии «Тойота Прадо” оташ зада шуданд. Мошинҳои гаронбаҳои ҳарҷогарди истеҳсоли Ҷопон, ки шабона назди манзили моликони он қарор доштанд, бо истифода аз бензин сӯзонида шудаанд Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзҳои 23 ва 26 сентябр ду мошини гаронбаҳои тамғаи хориҷии «Тойота Прадо” оташ зада шуданд.

Мошинҳои гаронбаҳои ҳарҷогарди истеҳсоли Ҷопон, ки шабона назди манзили моликони он қарор доштанд, бо истифода аз бензин сӯзонида шудаанд Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, автомашинаҳои хориҷии сӯзонидашуда рақамҳои давлатии ба истилоҳ “ҷолибу хотирмон” – ТJ 7007АВ 04 и TJ 0065 AA 04 доштаанд. Ҳар ду автомашина дар рӯйхати сабти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ қарор доштаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки аз рӯи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, шахсияти нафарони ҷиноят содиркарда муайян карда шуда, баҳри дастгир ва ба ҷавобарии ҷиноятӣ ҷалб намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.