Беш аз 370 ҳазор сомониро азхуд кардааст. Боздошти яке аз мақомдорони баландпояи Вазорати фарҳанг

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода бо гумони азхудкунии маблағҳои буҷетӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир шудааст. Дар ин бора, маркази матбуотӣ Оҷонсии зиддифасод хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Шариф Комилзода бо сармуҳосиби “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” Маҳмад Бобоҷонов бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.

Оҷонсӣ мегӯяд, оиди ҳолати мазкур нисбати Камолзода ва ҳамроҳони ӯ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Шариф Комилзода 63 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошад.

Ӯ дар гузашта, сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, раиси Китобхонаи давлатии бачагона, сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ буд.

Комилзода ҳамчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як муддат ҳамчун муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2015 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Гуфта мешавад, ки дар сурати тасдиқи айби мазкур Комилзода ва Бобоҷоновро аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян то панҷ сол интизор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...