Ҳалокати муаллифи расмҳои танзомез нисбат ба пайғамбар Муҳаммад дар як садамаи нақлиёт

Рассоми шведӣ Ларс Вилкс, ки аз замони кашидани саг бо сари паёмбари ислом Муҳаммад дар соли 2007 таҳти ҳимояи мақомоти пулис зиндагӣ мекард ва ба рӯйхати "душманони асосии ислом" шомил шуд, рӯзи якшанбеи 3 октябр бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд хабар медиҳад dw.com. Садамаи нақлиёт дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи боркаш бо мошине, ки дар […]

Рассоми шведӣ Ларс Вилкс, ки аз замони кашидани саг бо сари паёмбари ислом Муҳаммад дар соли 2007 таҳти ҳимояи мақомоти пулис зиндагӣ мекард ва ба рӯйхати "душманони асосии ислом" шомил шуд, рӯзи якшанбеи 3 октябр бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд хабар медиҳад dw.com.

Садамаи нақлиёт дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи боркаш бо мошине, ки дар он Ларс Вилкси 75-сола ва кормандони пулиси муҳофизони ӯ қарор доштанд, рух дод.

Бино ба гузориши хабаргузории ТТ-и Шветсия, мақомоти пулис изҳор доштааст, ки Вилкс дар мошин бо ду корманди пулис будааст. Бино ба иттилои рӯзномаи Dagens Nyheter, шарики ӯ низ тасдиқ кардааст, ки рассом дар мошин буд ва дар садама ба ҳалокат расидааст.

Вилкс пеш аз тасвири карикатураи Паёмбар Муҳаммад, берун аз Шветсия қариб номаълум буд. Пас аз тасвири пайғамбар Муҳаммад бо ҷасади саг 13 сол пеш ҳаёти Уилкс ба куллӣ тағйир ёфт. Тайи ин 13 сол ӯ зери муҳофизати мақомоти пулис қарор дошт.

Тибқи баъзе гузоришҳо, созмони террористии “Ал-Қоида” барои сари Вилкс мукофотпулӣ таъин карда буд. Дар соли 2010 ду нафар хостанд хонаи рассомро дар ҷануби Шветсия оташ зананд. Соли 2020 як зани Пенсилвания ба сӯиқасд ба куштани ӯ иқрор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.