Дар «ЭКСПО-2020» дар Дубай гӯшаи Тоҷикистон боз шуд

Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 1 октябр маросими ифтитоҳи Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ЭКСПО-2020” доир гардид. Бар асари пандемияи коронавирус муҳалтҳои баргузории “ЭКСПО-2020” ба вақти дигар гузаронида шуда, он 30 сентябр ба кор шурӯъ намуд. Кори намоишгоҳ то 31 марти соли 2022 идома меёбад. Дар он гӯшаҳои 192 кишвари дунё муаррифӣ гардида, пешбинӣ мешавад, […]

Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 1 октябр маросими ифтитоҳи Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ЭКСПО-2020” доир гардид.

Бар асари пандемияи коронавирус муҳалтҳои баргузории “ЭКСПО-2020” ба вақти дигар гузаронида шуда, он 30 сентябр ба кор шурӯъ намуд.

Кори намоишгоҳ то 31 марти соли 2022 идома меёбад. Дар он гӯшаҳои 192 кишвари дунё муаррифӣ гардида, пешбинӣ мешавад, ки дар ин муддат аз гӯшаҳо 25 млн нафар боздид кунанд.

Гӯшаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи тадорукоти “ЭСКПО-2020” мувофиқи мавзӯи тасдиқшуда – “Об барои рушди устувор” бо истифода аз намоиши таркибҳои меъмории миллӣ, табиати пурафсун, захираҳои обӣ, имконоти сайёҳӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Ҳадафи аслии иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бо шумули фарҳангу таърих, саноат ва бахши кишоварзӣ, инчунин имконоти сайёҳӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ унвон мешавад.

Тоҷикистон дар намоишгоҳ имконот ва дастовардҳои кишварро дар соҳаи захираҳои обӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сохтмони роҳҳо, шаҳрсозӣ, коркарди растаниҳои доруворӣ муаррифӣ мекунад.

Андре Дорадо, намояндаи маъмурияти “ЭКСПО-2020” зебогии Тоҷикистон, табиати пурафсуни он, фарҳангу таърихи ғанӣ, имконоти ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба иқтисоди кишвар таъкид дошта, зикр шуд, ки гӯшаи Тоҷикистон таҷассумгари зебоии Тоҷикистон буда, сарфи назар аз баъзе мушкилот, хеле зебо ороиш дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.