Тоҷикистон қабул накард. Ҷузъиёти фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон

Яке аз ҳамроҳони собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҷузъиёти фирори ӯ, хонаводааш, баъзе аз муҳофизону аъзои ҳукумат ва дигар ҳамроҳонашро шарҳ дода, гуфтааст, онҳоро Тоҷикистон роҳ надода, маҷбур шудаанд дар фурудгоҳи  Тирмизи Ӯзбекистон  бишинанд. Дар ин бора, рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Кобул аз қавли яке аз ҳамроҳони Ғанӣ хабар медиҳад. – Чархболҳо дар имтидоди масири дарёи […]

Яке аз ҳамроҳони собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҷузъиёти фирори ӯ, хонаводааш, баъзе аз муҳофизону аъзои ҳукумат ва дигар ҳамроҳонашро шарҳ дода, гуфтааст, онҳоро Тоҷикистон роҳ надода, маҷбур шудаанд дар фурудгоҳи  Тирмизи Ӯзбекистон  бишинанд. Дар ин бора, рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Кобул аз қавли яке аз ҳамроҳони Ғанӣ хабар медиҳад.

– Чархболҳо дар имтидоди масири дарёи Омӯ дар ҳоли парвоз буданд. Бо вуҷуди чандин тамоси дигар, иртибот бо тарафи Тоҷикистон барқарор нашуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо тасмим гирифта шуд, ки ба самти майдони ҳавоии Тирмиз дар Ӯзбекистон биравем", – нақл кардааст ӯ.

Ӯ изҳор доштааст, ки Ғанӣ рӯзи 15-уми август ҳамроҳи ҳамсараш Руло Ғанӣ ва дар маҷмӯъ 53 нафар дар чаҳор чархбол аз Афғонистон фирор карданд.

Гуфта мешавад, ки аз 54 нафаре, ки бо чаҳор чархбол дар Тирмизи Ӯзбекистон фуруд омадаанд, 22 нафар халабони техникаҳои Нерӯҳои ҳавоӣ ва 22 нафар муҳофизи президент буданд. Ба қавли манбаъ, ҳеҷ кадоме аз онҳо шиноснома надоштанд.

Ин мансабдори пешини Афғонистон гуфтааст, тарафи Ӯзбекистон ҳам ба дархости онҳо посух надодааст, ҳарчанд гуфтаанд, чархболҳо ҳомили шахси аввали Афғонистон аст ва ниёз ба нишасти изтирорӣ дорад.

– Халабони чархболи ҳомили Ашраф Ғанӣ бе тавваҷуҳ ба барқарор нашудани робита бо мақомҳои ӯзбек бо чархболҳои дигар тамос гирифт ва гуфт, ҳарчӣ иттифоқ меафтад, дар Тирмиз фуруд оянд, чаро ки сӯхти чархболҳо тамом шудааст, – афзудааст ӯ.

Хабар дода мешавад, ки Ғанӣ ва атрофиёни ӯ беш аз як рӯз дар Ӯзбекистон қарор доштанд. Ба гуфтаи манбаи нашрия, онҳо таҳти назорати низомиёни Ӯзбекистон буданд ва ҳатто фурсати бо ҳамдигар суҳбат карданро надоштанд, чун пайваста таҳти назорати низомиёни он кишвар қарор доштанд.

Мусоҳиби рӯзномаи "Ҳашти субҳ", ки ба далели амниятӣ аз ӯ ном набурдаанд, мегӯяд, онҳо соати ёздаҳи шаби 16-уми август, бо ҳавопаймои хурде, ки "ҳеч гуна нишони тиҷорӣ ва давлатӣ надошт", аз фурудгоҳи Тирмиз ба шаҳри Абу Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтанд.

Рӯзнома дарёфтааст, ки парвози шумораи "FJK 1255" бар асоси гузориши "Флайт Радар" рӯзи 16-уми август аз фурудгоҳи Тирмиз ба самти Абу Дабӣ рафтааст.

Зимнан, пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ, Ғанӣ ва ҳамроҳонашро чанд марди арабӣ пешвоз гирифтанд ва дар муқоиса бо ӯзбекон бархӯурдашон  муҳтарамона будааст.

Қобили зикр аст, ки 15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, Кобулро тарк намуда буд. Дар аввал гуфта мешуд, ки ӯ ба Тоҷикистон омада ва аз инҷо ба кишвари сеюм рафтааст. Вале  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Ашраф Ғаниро рад кард.

Ҳамчунин хабарҳое ҷой доштанд, ки Ашраф Ғанӣ бо ҳамсараш, сардори ситод ва мушовири масоили амнияти миллӣ ба Тошканд фирор кардааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон ин маълумотро тасдиқ ё рад накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.