Нишондиҳандаи ваксинагирӣ аз COVID-19 дар минтақаҳои Тоҷикистон

Анна Мифтахова, Asia-Plus

То 30 сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 421 ҳазору 359 нафар (41,6%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 1 млн 798 ҳазору 992 нафар (30,9%) гузаштаанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс”сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров маълумот дод.

Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолӣ бо ваксина дар минтақаҳо чунинанд:

– Душанбе – 82,8%;

– ВМКБ – 60,7%;

– вилояти Суғд – 34,6%;

– вилояти Хатлон – 32,8%;

– Ноҳияҳои тобеи марказ – 33,6%.

Маъракаи эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Ба савол дар бораи аз кай оғоз шудани маъракаи бо ваксина фарогирии кӯдакон дар Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров посух дод, ки Вазорати тандурустӣ ҳоло дар ин бора тасмим нагирифтааст, ҳарчанд дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба  эмкунии кӯдакони синни аз 12-сола боло иҷоза шуд.

“Кумитаи ҷумҳуриявии раҳбарӣ оид ба масоили ваксина дар ҳамдастӣ бо олимон рӯйи ин масъла кор мекунанд, зеро дар ин самт бисёр масъалаҳое ҷой доранд, ки дақиқ омӯхтан зарур аст”, – иброз дошт вай.

Дар анборҳо ваксина ҳаст?

– Дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ваксинаҳои зиёдатӣ боқӣ намемонад, онҳо кифоя нестанд. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ 933 ҳазор ваксинаи панҷ навъ мавҷуд аст. Ваксинаи Pfizer гирифтем, лекин алҳол истифода намебарем, зеро сӯзандоруҳоро интизорем. Ваксинаҳои нав, аз ҷумла ҳам чиниву ҳам AstrаZeneca ва Moderna. Ваксинаҳо дар доираи ҳамкорӣ тибқи барномаи COVAX ва аз ҳисоби кумаки башардӯстона аз дигар кишварҳо дастрас мешаванд.

Бо вуҷуди дигар ошкор нашудани ҳолатҳои нави сироятёбӣ, ба ваксиназании оммавии аҳолӣ идома медиҳем. Ваксиназанӣ хуруҷи мавҷҳои нави эпидемияро бозмедорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...