Аз мактаби “Оксфорд” то тарабхонаи “Форел”. Барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ва барои иштирок дар чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Суғд caфари корӣ анҷом медиҳад. Интизор меравад, сафар рӯзҳои 7-8 октябр баргузор шавад ва Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маросими кушодашавии чанд бинои ҷашнӣ иштирок кунад. “Дар назар аст бо […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ва барои иштирок дар чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Суғд caфари корӣ анҷом медиҳад.

Интизор меравад, сафар рӯзҳои 7-8 октябр баргузор шавад ва Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маросими кушодашавии чанд бинои ҷашнӣ иштирок кунад.

“Дар назар аст бо ҳузури президент дар шаҳру ноҳияҳои мазкур се бинои кӯдакистон, марказҳои саломатӣ, чаҳор корхонаи саноатӣ, бинои нави мактабҳои “Оксфорд”, “Пӯлодов”, “Ворисони илм”, бинои нави прокуратураи вилояти Суғд, тарабхонаи “Форел” ва ғайра ба истифода дода шаванд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 7-уми октябр дар доираи сафар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд барномаи калони театрикунонидашуда доир мегардад.

Кадом роҳҳо баста мешаванд?

Дар рӯзҳои сафари раисҷумҳур ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои чанд шаҳру навоҳии вилоят қатъ мегардад.

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд дар эълоне гуфтааст, 7 октябр ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ҷамоати Зарзамин ва Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, роҳи Деҳмой – Конибодом аз гардиши ҷамоати Хистеварз то кӯпруки шаҳроҳи Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ҳаракат қатъ мегардад.

Ҳамин тариқ, 8 октябр ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ, А. Шукӯҳӣ то ҷамоати Ёва, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз ҳудуди ноҳияи Спитамен то ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои К.Хуҷандӣ, Р. Ҷалил, Сирдарё, роҳи маҳаллаи 28 ва чорроҳаи Чашма қатъ мегардад.

Ин ниҳод аз аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои мазкур ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".