Рустами Эмомалӣ: “Душанберо ба “Шаҳри гулрез” табдил медиҳем”

Asia-Plus

Пеш аз оғози мавсими шинонидану гулу бутта ва дарахтон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат намуд.

Дар муроҷиатномаи худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, Рустами Эмомалӣ аз аҳолии пойтахт даъват намудааст, ки Душанбе ба “Шаҳри гулрез” табдил дода шавад.

Ӯ аз сокинони шаҳр даъват мекунад, ки дар маъракаи шинонидани гулу бутта ва дарахтон фаъолона саҳм гузоранд.

“Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ,  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд”, – зикр мешавад дар муроҷиатнома.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки қариб 2,5 млн бех зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Ба муносибати нишастҳои СҲШ ва СААД, ки нимаи моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ҳудуди 7 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...