Ба муносибати нишасти СҲШ дар Душанбе 7 млн бех гул шинонида шуд

Ба муносибати нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай пойтахти Тоҷикистон ба як гулгаште табдил ёфта, дар шаҳр ҳудуди 7 млн бех гул шинонида шуд. Барои таҳияи лоиҳаи тарроҳии манзаравӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳайати ин гурӯҳ аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба муносибати нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай пойтахти Тоҷикистон ба як гулгаште табдил ёфта, дар шаҳр ҳудуди 7 млн бех гул шинонида шуд.

Барои таҳияи лоиҳаи тарроҳии манзаравӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳайати ин гурӯҳ аз тарроҳон, меъморон ва гулпарварони шинохтаи тоҷик иборат буд.

Лоиҳаи бо гулҳо зебу ороиш додани пойтахт шахсан аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуда буд.

Имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанберо лолаву гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия зебу зинат медиҳанд. Ҳамаи гулҳо дар парваришхонаҳои шаҳр барои шинонидан тайёр шудаанд.

Аз посух ба савол дар бораи аз буҷети шаҳр чӣ миқдор маблағ масраф шудан барои ин корҳо манбаъ худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.