Рустами Эмомалӣ: “Душанберо ба “Шаҳри гулрез” табдил медиҳем”

Пеш аз оғози мавсими шинонидану гулу бутта ва дарахтон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат намуд. Дар муроҷиатномаи худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, Рустами Эмомалӣ аз аҳолии пойтахт даъват намудааст, ки Душанбе ба “Шаҳри гулрез” табдил дода шавад. Ӯ аз сокинони шаҳр даъват мекунад, ки дар маъракаи шинонидани гулу бутта […]

Пеш аз оғози мавсими шинонидану гулу бутта ва дарахтон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат намуд.

Дар муроҷиатномаи худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, Рустами Эмомалӣ аз аҳолии пойтахт даъват намудааст, ки Душанбе ба “Шаҳри гулрез” табдил дода шавад.

Ӯ аз сокинони шаҳр даъват мекунад, ки дар маъракаи шинонидани гулу бутта ва дарахтон фаъолона саҳм гузоранд.

“Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ,  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд”, – зикр мешавад дар муроҷиатнома.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки қариб 2,5 млн бех зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Ба муносибати нишастҳои СҲШ ва СААД, ки нимаи моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ҳудуди 7 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.