Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо мулоқот кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 октябр дар шаҳри Брюссел бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду нумӯи муносибатҳои ҳамкорӣ изҳор қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳимми кишвари мо мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисод, тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи гуманитариву фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро муҳокима карданд.

Дар зимн таъкид гардид, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули “иқтисоди сабз” изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро ба таври хосса қайд намуданд.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳарчи бештари робитаҳо амалисозии санадҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо, зарур аст.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти аз байн бурдани пандемияи короновирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рафъи оқибатҳои он ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур Пешвои миллат аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кӯмак дар рафти оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдории амиқ намуданд.

Сарвари давлати мо инчунин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос намуданд.

Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқро дар иншооти гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашум ва аз рӯйи партовҳои газҳои гулхонаӣ ҷойи 135-ро ишғол менамояд.

Ҷаноби Ҷозеп Боррелл дар навбати худ нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим баланд арзёбӣ карданд.

Инчунин, ӯ иброз дошт, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе ташкил хоҳанд дод.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути тадбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Дар фарҷоми суҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...