Федератсияи муҳоҷирон: Русия барои 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон авф эълон кард

Роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, ки ба он Фергана истинод меоварад, хабар додааст, ки ВКД Русия ба вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ва ҳамин миқдор аз Ӯзбекистон иҷоза додааст. Дар навори видеоии шабакаи Федератсия дар YouTube ӯ шарҳ додааст, ки танҳо он муҳоҷироне ба кишвар баргашта метавонанд, ки манъи вурудашонро ВКД содир кардааст. […]

Asia-Plus

Роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, ки ба он Фергана истинод меоварад, хабар додааст, ки ВКД Русия ба вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ва ҳамин миқдор аз Ӯзбекистон иҷоза додааст.

Дар навори видеоии шабакаи Федератсия дар YouTube ӯ шарҳ додааст, ки танҳо он муҳоҷироне ба кишвар баргашта метавонанд, ки манъи вурудашонро ВКД содир кардааст.

Барои он муҳоҷироне, ки бо қарори суд ихроҷ шудаанд, вуруд ба муҳлати аз ҷониби мақомоти суд муқарраршуда манъ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Коженов, шаҳрвандони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, ҳанӯз 18 август аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шуда, аз ин рӯ, муҳоҷиронро лозим аст, ки худро дар сомонаи ВКД бисанҷанд, ки то ки аз иҷозаи вуруд доштанашон ба Русия огаҳӣ ёбанд.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҳудуди 99 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Русия рад шуд.

Тибқи маълумоти сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, генерал-лейтенанти пулис Валентина Казакова, то аввали моҳи октябр дар Русия ҳудуди 7 млн муҳоҷир қарор доштанд, ки танҳо “шумори начандон зиёдашон” ғайриқонунӣ ҳузур доранд.

Кормандони хориҷӣ, ки худро ба қайди муҳоҷират гузоштаанду лекин то 30 сентябр ба дароз кардани муҳлати ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ фурсат пайдо накардаанд, будубоши худро то 30 декабри соли равон қонунӣ карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.