Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ аз Фаронса боздид мекунад

Имрӯз, 12 октябр сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса оғоз мешавад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ дар назар буда, зимни ин вохӯриҳо масъалаи вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари […]

Имрӯз, 12 октябр сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса оғоз мешавад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ дар назар буда, зимни ин вохӯриҳо масъалаи вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ – Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.

Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.

Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Фаронса то 14 октябр идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.