Дар Тоҷикистон 17 октябр Иди “Меҳргон” таҷлил мегардад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 17 октябр (рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта)  Иди ҳосил – “Меҳргон” ҷашн гирифта мешавад.

Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир мегардад.

Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш намуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳ бо нархҳои дастрас асали кӯҳӣ, навъҳои гуногуни биринҷ, равғани хушсифат, сабзавоту меваи тару тоза харида метавонанд.

Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.

Тавре дар Вазорат хабар доданд, дар ин чорабинӣ як гурӯҳи кишоварзон, ки ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардидаанд, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Дар Иди “Меҳргон”-и пойтахт намояндагони шаҳрдории Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон  – “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард. Ин ид аз соли 2009 дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон таҷлил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...