Дар Тоҷикистон 17 октябр Иди “Меҳргон” таҷлил мегардад

Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 17 октябр (рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта)  Иди ҳосил – “Меҳргон” ҷашн гирифта мешавад. Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир мегардад. Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш […]

Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 17 октябр (рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта)  Иди ҳосил – “Меҳргон” ҷашн гирифта мешавад.

Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир мегардад.

Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш намуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳ бо нархҳои дастрас асали кӯҳӣ, навъҳои гуногуни биринҷ, равғани хушсифат, сабзавоту меваи тару тоза харида метавонанд.

Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.

Тавре дар Вазорат хабар доданд, дар ин чорабинӣ як гурӯҳи кишоварзон, ки ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардидаанд, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Дар Иди “Меҳргон”-и пойтахт намояндагони шаҳрдории Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон  – “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард. Ин ид аз соли 2009 дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон таҷлил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.