Аз бунёди Боғи ботаникии Душанбе 88 сол пур мешавад

Рӯзи 12 октябри соли 1933 Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (феълан – Боғи "Ирам") таъсис дода шуд. Он дар Душанбе бо ибтикори профессор Б.Федченко, ки дар ин давра бахши ботаникаи пойгоҳи тоҷикии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон) роҳбарӣ мекард, дар масоҳати 34 гектарро бунёд шуд. Имрӯз майдони боғ ба 40 […]

Рӯзи 12 октябри соли 1933 Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (феълан – Боғи "Ирам") таъсис дода шуд. Он дар Душанбе бо ибтикори профессор Б.Федченко, ки дар ин давра бахши ботаникаи пойгоҳи тоҷикии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон) роҳбарӣ мекард, дар масоҳати 34 гектарро бунёд шуд. Имрӯз майдони боғ ба 40 гектар мерасад.

Дар даромадгоҳи боғ намунаҳои дарахтоне гузошта шудаанд, ки аввалин кормандони Институти ботаника дар миёнаи солҳои 1930-ум шинондаанд. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дар солҳои 1960-ум барои Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дар ҳудуди боғ гармхонаҳо сохта шуданд.

Дар боғи ботаникӣ намунаҳои дарахту буттаҳо қариб аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон гирдоварӣ шудаанд, ки аксари онҳо аллакай ба Китоби сурхи табиат дохиланд.

… Соли 2007 дар тарафи шимолии гармхона ба таъсиси мамнӯъгоҳи этнографии меъмории халқӣ (дар зери осмони кушод) шурӯъ карданд. Дар ин ҷо хонаҳои анъанавии сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва биноҳои истеҳсолӣ сохта шуданд. Давоми солҳои 2010-2011 дар қаламрави боғ суҳбатгоҳҳои чӯбии замонавӣ қомат оростанд.

Дар наздикии даҳҳо суҳбатгоҳҳо ҳайкалҳои ҳайвонот ва харакҳо барои тамошобинон насб карда шуданд. Инчунин дар қад-қади гулгашти марказии боғ таҷҳизот (тренажерҳо)-и гуногуни варзишӣ насб карда шуданд, ки ба макони дӯстдоштаи солимии сокинони пойтахти Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Имрӯз “Боғи Ирам” ба боғи фарҳангу истироҳати сокинони шаҳр табдил ёфта, дар ин ҷо асосан чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Рӯзҳои истироҳат намоишгоҳҳои маснуоти косибону ҳунармандон, эҷоди рассмон ва маҳсулоти ширкатҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин ба ҳукми анъана даромадааст, ки навхонадорон ҳатман ба боғ меоянд, то ки дар пасманзари табиати зебо аксбардорӣ намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.