Омбудсмени Тоҷикистон бо зиндониёни аъзои ҲНИ суҳбат кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард.

Дар ин муассисаи ислоҳӣ аъзои Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ), аз ҷумла Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳор Давлатов адои ҷазо мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагон, шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса шинос шуд.

Зимни суҳбат бо Ваколатдор Раҳматуллои Раҷаб ва Абдуқаҳҳор Давлатов изҳор намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд.

Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода гуфтааст, ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифта, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони Омбудсмен зикр кардаанд, ки нисбати ҳукми судӣ норозианд ва барои аз нав баррасӣ кардани он ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки наздикони панҷ нафар аз роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бо ирсоли як нома аз созмонҳои ҷаҳонӣ хостанд, то ба вазъи хешовандони онҳо дар зиндон расидагӣ шавад.

Пайвандони Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар номаи худ навишта буданд, “ҷони онҳо дар хатар аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...