Дар Тоҷикистон аллакай бо пул хидмат кардан имкон дорад?

Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки аз онҳо аризаашонро дар бораи хидмат дар ҳайати захираҳои даъватӣ бо пардохти маблағ қабул намекунанд. Аз Вазорати мудофиа пурсидем, ки кай метавон дар ин хусус ариза пешниҳод намуд. Падари яке аз даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки аз ӯ дар бораи хидмат дар […]

Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки аз онҳо аризаашонро дар бораи хидмат дар ҳайати захираҳои даъватӣ бо пардохти маблағ қабул намекунанд. Аз Вазорати мудофиа пурсидем, ки кай метавон дар ин хусус ариза пешниҳод намуд.

Падари яке аз даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки аз ӯ дар бораи хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ аризаашро қабул накардаанд.

“Ба комиссариати ҳарбӣ аризадиҳӣ рафтам, то ки писарам зудтар хидматро гузашта тибқи қонуни нав аз хидмати ҳатмӣ озод шавад. Лекин аризаамро қабул накарданд ва гуфтанд, ки аввал нақшаи даъватшавандагон ба хидмати ҳатмиро иҷро карда, сипас ба қабули аризаҳо оғоз мекунанд”, – изҳор дошт вай.

Хидмати ҳарбӣ дар захираи даъватӣ чист?

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ҷойи он 1 моҳ аз ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд ва ба давлат маблағи муайян пардохт намоянд.

Ин хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбарии даъватӣ ном дорад. Пас аз гузаштани он шаҳрванд аз адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод карда мешавад.

Ин хидматро ҳама гуна даъватшаванда гузашта метавонад, муҳимаш 25 ҳазору 200 сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисоб) пардохт кардан зарур аст.

Бо пул аллакай имкон дорад

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки аризаҳо аллакай қабул шуда истодаанд, лекин тибқи квота.

“Аз оғози даъват – 1 октябр аллакай барои хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбарии даъватӣ метавон ариза дод. Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ аллакай аризаҳоро қабул мекунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, ягона маҳдудият дар он буда метавонад, ки аризаҳо мувофиқи квотаи ҷудошуда қабул мешаванд.

“Тавре пештар хабар дода будем, ҳамасола мувофиқи шумори ҷойҳо дар пойгоҳҳо (базаҳо)-и ҷамъомади моҳона шумори муайяни квотаҳо ҷудо мешаванд. Шумори квотаҳо ифшо намегардад, чунки шумори артиш ва хизматчиёни ҳарбии он маълумоти махфист. Лекин агар квотаҳо дар даъвати ҷорӣ ба охир расида бошанд, метавон ба даъвати ояндаи моҳи май ариза дод”, – гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки солҳои наздик баргузории ҷамъомадҳо дар давоми тамоми сол ба нақша гирифта шуда, он вақт ба ҷудокунии квотаҳо дигар зарурат намемонад.

“Вазорат аллакай ба сохтмони марказҳои ҷудогонаи таълимӣ ва пойгоҳҳо оғоз намуд, ки дар онҳо ҷамъомадҳои моҳона барои хидматчиёни захираҳои сафарбарии даъватӣ баргузор мешаванд. Вақте ки ба миқдори кофӣ марказҳо сохта шуданд, мо муддати тамоми сол ҷамъомадҳо гузаронида метавонем ва ду маротиба дар як сол мавсими даъватро интизор намешавем”, – зикр кард сардори маркази матбуоти Вазорат.

Ба савол дар бораи нигаронии бархе аз волидон дар мавриди ба ҷойи хидмат дар ҳайати сафарбарии даъватӣ ба хидмати ҳатмӣ ҷалб шудани фарзандони онҳо Маҳмадализода чунин посухи норушан дод: “Агар шахс ихтиёрӣ ба ҳайати захираҳои сафарбарии даъватӣ ба хизмат равад, ҳеҷ кас ӯро ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ намефиристад. Лекин комиссариатҳои ҳарбӣ бояд нақшаи хидматчиёни ҳатмииро низ бояд иҷро кунанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.