Омбудсмени Тоҷикистон бо зиндониёни аъзои ҲНИ суҳбат кард

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард. Дар ин муассисаи ислоҳӣ аъзои Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ), аз ҷумла Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳор Давлатов […]

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард.

Дар ин муассисаи ислоҳӣ аъзои Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ), аз ҷумла Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳор Давлатов адои ҷазо мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагон, шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса шинос шуд.

Зимни суҳбат бо Ваколатдор Раҳматуллои Раҷаб ва Абдуқаҳҳор Давлатов изҳор намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд.

Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода гуфтааст, ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифта, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони Омбудсмен зикр кардаанд, ки нисбати ҳукми судӣ норозианд ва барои аз нав баррасӣ кардани он ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки наздикони панҷ нафар аз роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бо ирсоли як нома аз созмонҳои ҷаҳонӣ хостанд, то ба вазъи хешовандони онҳо дар зиндон расидагӣ шавад.

Пайвандони Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар номаи худ навишта буданд, “ҷони онҳо дар хатар аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.