Авф татбиқ нагардид. Иззат Амон 9 сол равонаи зиндон шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон 9 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон – Саидбурҳон Шарифов ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Вакили дифои Иззат Амон гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои қарори он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Шарипов гуфт, Иззат дар сухани охиринаш изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, ки ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро  шомили қонуни авфи моҳи сентябр мекард.

«Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид»,- гуфт Саидбурҳон Шарифов.

Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлолият парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ӯ гуфта буд, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.

Саидбурҳон Шарифов ба Азия – Плюс гуфта буд, ки барои талофӣ кардани 12,5 ҳазор сомонии зарари боқимонда мушкилӣ пеш омадааст ва баъди пардохт кардани он Иззат Амон барои татбиқи қонуни авф нисбаташ ариза пешниҳод мекунад.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, “ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...