Духтури 83-сола аз Тоҷикистон барои пешбурди мероси фарҳангӣ мукофоти байнулмилалӣ гирифт

Ходими шоистаи Тоҷикистон табиб Ширинбек Давлатмамадов ғолиби Мукофоти байнулмилалӣ барои дастгирии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дониста шуд. Табиб Ширинбек Давлатмамадов яке аз се нафар ғолибони озмуни “Jeonju International Awards for Promoting Intangible Cultural Heritage, 2021” (JIAPICH  – Мукофоти байнулмилалии Чонжоу барои пешбурди мероси ғайримоддии фарҳангӣ-2021) гардид. Тавре дар торнамои созмондиҳандагони озмун зикр мешавад, мукофот аз ҷониби раҳбарияти […]

Ходими шоистаи Тоҷикистон табиб Ширинбек Давлатмамадов ғолиби Мукофоти байнулмилалӣ барои дастгирии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дониста шуд.

Табиб Ширинбек Давлатмамадов яке аз се нафар ғолибони озмуни “Jeonju International Awards for Promoting Intangible Cultural Heritage, 2021” (JIAPICH  – Мукофоти байнулмилалии Чонжоу барои пешбурди мероси ғайримоддии фарҳангӣ-2021) гардид.

Тавре дар торнамои созмондиҳандагони озмун зикр мешавад, мукофот аз ҷониби раҳбарияти шаҳри Чонжоу таъсис дода шудааст, ки аҳаммияти мероси ғайримодии фарҳангӣ ва зарурати ҳифзи онро дарк мекунад.

Он ҷо бар ин назаранд, ки мероси ғайримоддии фарҳангӣ захираест барои беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва фарҳангӣ, инчунин қонеъ сохтани орзуву ормони ҳамаи одамоне, ки дар ҷомеаи глобалӣ ба сар мебаранд.

Имсол дар JIAPICH 44 нафар аз 29 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, се нафарашон ғолиб дониста шуданд.

Дар чорабинӣ ба ин муносибат дар Маркази исмоилияи Душанбе зикр шуд, ки ҷараёни интихоби ғолибон хеле душвор буд, зеро ҳамаи довталабон ходимони касбии дорои таҷрибаи ғанӣ дар ҳифзи мероси фарҳангӣ буданд.

Ширинбек Давлатмамадов Ходими шоистаи Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби мардумӣ ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гулу гиёҳ” мебошад. Тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияти худ даҳҳо нафар беморонро шифо бахшидааст.

Муаллифи зиёда аз 30 китоб буда, бо мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2002 ба унвони Ходими шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуда, соли 2013 бо Ордени Гиппократи Академияи илмҳои халқии Русия шарафёб гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.