Муаррифии маҳсулоти беш аз 200 корхонаҳои саноатӣ ва аграрӣ дар ярмаркаи “Суғд-2021”

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки маросими ифтитоҳаш 20 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

“Вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имконоту захираҳои истифоданашуда зиёд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" шароит фароҳам меоварад, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳо миёни ҳам мубодилаи иттилоъ намуда, баҳри роҳандозии иқдомҳои наву самаровар чораҷӯӣ намоянд. Танҳо дар соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 1,5 млрд долларро ташкил дод. Имрӯз аз вилояти Суғд ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содир мешавад”, – гуфт дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Давоми рӯз иштирокчиён ва меҳмонони ярмарка инчунин дар шакли B2B гуфтушунид намуда, дар ду ҷаласаи мавзӯӣ: "Ҳидояткорӣ барои рушди соҳибкории занон" ва "Дурнамои рушди технологияҳои рақамӣ" иштирок карданд.

Дар анҷоми кори ярмарка ғолибони озмунҳои “Маҳсулоти беҳтарин”, “Ороишоти беҳтарини гӯша” эълон карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...