Муаррифии маҳсулоти беш аз 200 корхонаҳои саноатӣ ва аграрӣ дар ярмаркаи “Суғд-2021”

Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки маросими ифтитоҳаш 20 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд. “Вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии […]

Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки маросими ифтитоҳаш 20 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

“Вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имконоту захираҳои истифоданашуда зиёд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" шароит фароҳам меоварад, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳо миёни ҳам мубодилаи иттилоъ намуда, баҳри роҳандозии иқдомҳои наву самаровар чораҷӯӣ намоянд. Танҳо дар соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 1,5 млрд долларро ташкил дод. Имрӯз аз вилояти Суғд ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содир мешавад”, – гуфт дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Давоми рӯз иштирокчиён ва меҳмонони ярмарка инчунин дар шакли B2B гуфтушунид намуда, дар ду ҷаласаи мавзӯӣ: "Ҳидояткорӣ барои рушди соҳибкории занон" ва "Дурнамои рушди технологияҳои рақамӣ" иштирок карданд.

Дар анҷоми кори ярмарка ғолибони озмунҳои “Маҳсулоти беҳтарин”, “Ороишоти беҳтарини гӯша” эълон карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.