«Хатлон» дар Чемпионати футбол байни занон пирӯз шуд

Мусобиқаи Чемпионати мавсими чоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ба поён расид. Ғолиби мусобиқа дар даври охир муайян шуд. Баъд аз 18 давр ду даста – “Хатлон” ва “Зебонисо” 51-имтиёзӣ касб карда, аз рӯи бартарият дар вохӯрии байни дастаҳо “Хатлон” соҳиби медали тилло гардид. Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Хатлон” бори дуюм […]

Мусобиқаи Чемпионати мавсими чоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ба поён расид. Ғолиби мусобиқа дар даври охир муайян шуд. Баъд аз 18 давр ду даста – “Хатлон” ва “Зебонисо” 51-имтиёзӣ касб карда, аз рӯи бартарият дар вохӯрии байни дастаҳо “Хатлон” соҳиби медали тилло гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Хатлон” бори дуюм унвони қаҳрамониро ба даст меорад. Унвони аввалро “Хатлон” соли 2019 соҳиб шуда буд.

Нишонзани беҳтарини чемпионат бозингари тими “Хатлон” Лайло Ҳалимова дониста шуд, ки 67 маротиба тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ба нишон расонидааст. Дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова эътироф шуд, ки дар 18 бозӣ ҳамагӣ 4 маротиба ба дарвозаи ӯ тӯб равона шудааст.

Ҷоизаи беҳтарин футболбози мавсим ба Марҷона Саидова (“Зебонисо”) ва мураббии беҳтарин ба Қурбонгул Қурбонова (“Хатлон”) тақдим шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...