Баъди 27 сол ба сержанти қазоқ ордени “Спитамен” тақдим шуд

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 20 октябр маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Спитамен» дараҷаи I ба Батрканова Кизат Жилкибаковна – модари марҳум, сержанти хурди баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич баргузор гашт.  Раҷан Батрканов 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд. […]

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 20 октябр маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Спитамен» дараҷаи I ба Батрканова Кизат Жилкибаковна – модари марҳум, сержанти хурди баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич баргузор гашт.

 Раҷан Батрканов 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд.

Бино ба иттилои сафорати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон, дар маросим аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, сафир Хайрулло Ибодзода баъд аз суханони ёдбудӣ ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 252 аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич ироа намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.

Зикр мегардад, ки хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон дар суханрониҳои худ ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хидмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.