Ҳалокати дастикам 17 нафар бар асари даргириҳо дар Ҳироти Афғонистон

Date:

Бар асари даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва як гурӯҳи мусаллаҳ дар шаҳри Ҳирот, дар шимолу ғарби Афғонистон дастикам 17 нафар бо шумули занону кӯдакон кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТААС бо истинод ба рӯзномаим маҳаллии Ettelaat хабар медиҳад.

Ба навиштаи рӯзнома, тирпарронӣ дар кӯчаҳои шаҳр нимаи рӯз оғоз шуда, тамоми рӯз идома кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудагон ҳафт кӯдак ва се зан низ ҳастанд. Дар баробари ин чанде аз сокинони маҳаллӣ захмӣ шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Тавре рӯзнома менависад, ин аввалин даргирӣ дар Ҳирот баъди аз 12 август сари ҳокимият омадани Толибон дар ин шаҳр аст.

Саид Хустӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ки аз сӯйи Толибон таъйин шуда буд, дар Твиттери худ навиштааст, ки тирпаррониро дар сеюмин шаҳри бузурги кишвар гурӯҳи одамрабо оғоз кард.

Ба гуфтаи вай, се ҷинояткор кушта шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...