Ҳалокати дастикам 17 нафар бар асари даргириҳо дар Ҳироти Афғонистон

Бар асари даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва як гурӯҳи мусаллаҳ дар шаҳри Ҳирот, дар шимолу ғарби Афғонистон дастикам 17 нафар бо шумули занону кӯдакон кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТААС бо истинод ба рӯзномаим маҳаллии Ettelaat хабар медиҳад. Ба навиштаи рӯзнома, тирпарронӣ дар кӯчаҳои шаҳр нимаи рӯз оғоз шуда, тамоми рӯз идома кардааст. Гуфта […]

Бар асари даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва як гурӯҳи мусаллаҳ дар шаҳри Ҳирот, дар шимолу ғарби Афғонистон дастикам 17 нафар бо шумули занону кӯдакон кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТААС бо истинод ба рӯзномаим маҳаллии Ettelaat хабар медиҳад.

Ба навиштаи рӯзнома, тирпарронӣ дар кӯчаҳои шаҳр нимаи рӯз оғоз шуда, тамоми рӯз идома кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудагон ҳафт кӯдак ва се зан низ ҳастанд. Дар баробари ин чанде аз сокинони маҳаллӣ захмӣ шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Тавре рӯзнома менависад, ин аввалин даргирӣ дар Ҳирот баъди аз 12 август сари ҳокимият омадани Толибон дар ин шаҳр аст.

Саид Хустӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ки аз сӯйи Толибон таъйин шуда буд, дар Твиттери худ навиштааст, ки тирпаррониро дар сеюмин шаҳри бузурги кишвар гурӯҳи одамрабо оғоз кард.

Ба гуфтаи вай, се ҷинояткор кушта шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.