Истиқболи “Толибон” аз гуфтаҳои Путин бобати имкони хориҷшавӣ аз рӯйхати террористон

Ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда) аз гуфтаҳои президенти Русия Владимири Путин дар бораи имкони хориҷшавӣ аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ истиқбол мекунад. Тавре РБК бо истинод ба ANI News хабар медиҳад, намояндаи ВКХ Афғонистон Абдул Қаҳҳор Балхӣ изҳор доштааст, ки “замони ҷанг” дар Афғнистон ба поён расида, кишварҳои дигар муносибаташонро бо […]

Ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда) аз гуфтаҳои президенти Русия Владимири Путин дар бораи имкони хориҷшавӣ аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ истиқбол мекунад.

Тавре РБК бо истинод ба ANI News хабар медиҳад, намояндаи ВКХ Афғонистон Абдул Қаҳҳор Балхӣ изҳор доштааст, ки “замони ҷанг” дар Афғнистон ба поён расида, кишварҳои дигар муносибаташонро бо Кобул бояд ба таври мусбӣ тағйир бидиҳанд.

"Мо саъйу талош дорем, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асоси усули мутақобила робитаҳои мусбат дошта бошем", – гуфтааст намояндаи ВКХ-и кишвар.

Қаблан 21 октябр Путин зимни суханронӣ дар форуми Валдай аз эҳтимол дур надонист, ки ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карда шавад. Президент ишора кард, ки ин тасмим дар сатҳи СММ гирифта шуда, маънои онро дорад, ки худи созмон бояд ин қарорро бекор кунад.

"Ба назарам чунин менамояд, ки мо ба ин наздик шуда истодаем <…> Мавқеи Русия дар он ифода хоҳад ёфт, ки маҳз дар ҳамин самт талош мебояд варзид", – иброз дошт Путин.

Шӯрои амнияти СММ соли 2003 ҳаракати “Толибон”-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил кард. Нимаи моҳи августи соли равон ВКХ Русия хабар дода буд, ки Маскав метавонад расмиёти аз рӯйхати террористӣ хориҷ карданро роҳандозӣ намояд, лекин аввал Шӯрои анмият бояд ҳаракатро аз рӯйхати террористии худ хориҷ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин соли 1999 алайҳи тлибон як қатор таҳримҳо ҷорӣ намуда, аз ҳамон сол онҳо якчанд бор тағйиру тасҳеҳ шуданд. Дар таҳримҳои ҳозира сафари аъзои ҳаракат ба дигар кишварҳо, транзит тариқи қаламрави онҳо, манъи воридоти силоҳ, қатъи амали дороиҳо пешбинӣ шудааст.

Охири моҳи сентябр “Толибон” аз Русия ҷиҳати коҳиши фишор тариқи таҳримҳо кумак дархост намуд. Ду рӯз пештар намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя зикр карда буд, ки масъалаи бекор кардани таҳримҳо “худи ҳозир дар рӯзнома нест”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.