Аз 23 октябр то 2 ноябр. Табибони араб кӯдакони нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмааи тандурустии  «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ рӯзи 23-юми октябри имсол оғоз гардида, то 2 ноябр идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маҷмааи тандурустии «Истиқлол» иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, барои ҷарроҳии кӯдакони тоҷик беш аз 30 табиб ба Тоҷикистон омадаанд, ки танҳо дирӯз, 24 октябр 12 кӯдакро ҷарроҳӣ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки наврасони то 18-сола, ки  нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо  маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.

Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шуда, рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.

– Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компютерии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на, – шарҳ доданд аз Вазорати тандурустӣ.

Дар Вазорати тандурустӣ ҳамчунин илова намуданд, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли равон низ аз 12 то 19 июл табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ намуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...