Сохтмони маркази бемориҳои дил дар Бохтар, ки 11 сол давом кард, ба истифода дода мешавад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сохтмони иншооти зикршуда ҳанӯз соли 2010 оғоз ёфта, бино ба маълумоти пешакӣ шояд зимни сафари навбатии  президент, ки 27 октябр ба шаҳри Бохтар дар назар аст, мавриди истифода қарор дода шавад.

Рӯзи 18 августи соли 2010 дар рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз оғози сохтмони Маркази ташхисию табобатии бемориҳои дил хабар дода буд.

“Мо солҳои зиёд дар фикри сохтмони чунин як марказ будем, зеро дар вилояти Хатлон Маркази замонавии ташхисию табобатии бемориҳои қалб надорем. Барои оғози корҳои сохтмон 300 ҳазор сомонӣ дар соли равон пешбинӣ шудааст”, – гуфта буд раиси вақти вилоят.

Аммо раиси баъдии вилоят Давлатшо Гулмаҳмадзода дар як нишасти матбуотияш гуфта буд, ки ҷое, ки барои сохтмони Маркази ташхисию табобатии бемориҳои дил пешбинӣ шудааст, номувофиқ аст.

“Ҷое, ки барои сохтмони маркази ташхисию табобатии бемриҳои қалб пешбинӣ шудааст, дар маркази шаҳр, наздики роҳи мошингард ва наздики корхонаи пахтатозакунӣ воқеът,  ки  ҳам ноором ва ҳам обуҳавояш номувофиқ аст. Барои чунин марказ бояд як ҷои орому хушобу ҳавое бошад”,- гуфта буд Д.Гулмаҳмадзода.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамон замон мувофиқи лоиҳа арзиши сохтмони ин объект 8,5 млн сомонӣ ҳисоб шуда буд.

Аммо тайи се сол,  яъне солҳои 2015, 2017 ва 2018, ин лоиҳа маблағгузорӣ нашуд. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят, соли 2016 барои идомаи корҳои сохтмон дар иншооти мазкур зиёда аз 1 млн сомонӣ, соли 2019 – 332 ҳазор сомонӣ, соли 2020 – 3,5 млн сомонӣ ва соли 2021 – 2 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, барои пурра ба истифода додани ин бино 9,5 млн сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Ҳамчунин аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар доданд, ки ин бино дар рӯйхати объектҳои сохташаванда то ба имрӯз ҳамчун сохтмони Маркази ташхисию табобатии бемориҳои қалб нишон дода шудааст. Ин нақша бо қарори раиси вилоят ва бо розигии вазири иқтисод ва савдо тасдиқ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...