Гуруснагӣ маҷбур мекунад. Барои таъмини хӯроки оила афғонҳо фарзандони худро мефурӯшанд

Ба миллионҳо нафар кӯдакони афғон бар асари гуруснагӣ марг таҳдид мекунад, огоҳ мекунанд ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ. Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимонда аҳли хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд. Агар вазъият тағйир наёбад, моҳи ноябр ба Афғонистон гуруснагии бузургмиқёс таҳдид мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана. Агар чораҳои таъҷилӣ рӯйи […]

Ба миллионҳо нафар кӯдакони афғон бар асари гуруснагӣ марг таҳдид мекунад, огоҳ мекунанд ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ. Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимонда аҳли хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд. Агар вазъият тағйир наёбад, моҳи ноябр ба Афғонистон гуруснагии бузургмиқёс таҳдид мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Агар чораҳои таъҷилӣ рӯйи даст гирифта нашаванд, аз 40 млн нафар аҳолии мамлакат то 23 млн нафар, аз ҷумла 3,2 млн нафар кӯдакони синни то панҷсола ба камбуди шадиди ғизо дучор мешаванд.

Хабарнигорони ВВС аз беморхонаи созмони байнулмилалии башардӯстонаи “Табибони бидуни марз” дар Ҳирот, шаҳри бузург дар ғарби кишвар, инчунин ноҳияҳои деҳоти берун аз шаҳр боздид намуда, шоҳиди вазъи фалокатбор дар маҳалҳо гаштанд.

Дар як канори шаҳри Ҳирот онҳо як оилаи серфарзандро аёдат намуданд, ки  духтари навзоди худро барои бо ғизо таъмин кардани кӯдакони дигар ба маблағи 500 доллар фурӯхтаанд. Аз ҳисоби ин пул оила чанд моҳ зиндагӣ карда метавонад.

Вақте тифли навзод роҳгардиро ёд мегирад, ӯро ба харидор медиҳанд. Ӯ ваъда кардааст, ки духтарро ба писараш ба шавҳар медиҳад.

“Дар хонаамон на орду ҳасту на равған. Мо маҷбур будем, ки ин корро кунем”, – гуфтааст падари духтар.

Ин ягона оилае дар Афғонистон нест, ки маҷбуран фарзанди худро барои хӯронидани кӯдакони боқимонда бифурӯшад. Дар Афғонистон солҳои қаблӣ низ хонаводаҳои зиёди камбизоат ба ин кор даст зада, тифлони навзодро ба хотири аз гуруснагӣ намурдан ва ё кӯдакони калонсолро барои пардохти қарз ба ғуломӣ мефурӯхтанд.

Акнун Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор маҳрум шуда, дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40%-и ММД мрасид, буҳрони шадиди башардӯстона рӯйи кор омад. Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.

Дар мамлакат арзиши хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ хеле баланд шуд. Илова бар ин, дар 4 соли охир бори дуввум дар Афғонистон хушксолии шадид мушоҳида шудааст. Тибқи маълумоти СММ, танҳо 5 фоизии оилаҳои афғон ҳамарӯза ғизои кофӣ доранд.

Чанд рӯз пеш Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири раисҷумҳури пешини Афғонистон дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ҷон бохтани ҳашт кӯдак аз як оила бар асари гуруснагӣ дар ғарби Кобул хабар дода буд. Волидони онҳо пештар фавтида, онҳо бесаробон монда буданд. Ҷасади онҳо дар хонае дарёфт шуд, ки бар асари гуруснагӣ онҳо дигар аз он мустақилона берун баромада наметавонисанд.

Зимистони сард дар пеш аст ва ғайр аз ин, қисмате аз Афғонистон барои созмонҳои башардӯстона дастнорас хоҳад шуд.

“Қабл аз фарорасии зимистон ва дастнорас шудани манотиқи бузурги Афғонистон, таъҷилан суръат бахшидан ва густариши кӯмакҳо зарур аст. Дар акси ҳол, миллионҳо нафар, аз ҷумла деҳқонону занон, кӯдакони хурдсол ва пиронсолон ба сармо ва гуруснагӣ дучор мешаванд. Ин ҷо дар бораи маргу ҳаёт сухан меравад. Мо набояд дастҳо болои даст нишаставу наззора кунем, ки чӣ гуна пеши чашмонамон фоҷеа ҷараён дорад, ин қобили қабул нест!”, – гуфтааст директори генералии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ Тсю Дунъюй.

Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ кумак расонидан ба 23 млн нафар афғонҳоро ба нақша гирифта, барои ин ҳар моҳ 220 млн доллар маблағ лозим аст.

«Вазъият ба фалокат наздик аст. Зимистони имсол миллионҳо нафар афғон бо интихоби байни муҳоҷират ва марг аз гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ягона роҳи раҳоӣ афзоиши кӯмак ва эҳёи иқтисоди Афғонистон аст”, – изҳор намудааст директори иҷроияи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Дэвид Бизли.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.