Кумаки бебозгашти таъҷилии Ҷопон барои дастгирии гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки дар онҳо талаботи кумакҳои башардӯстона барои гурезаҳо дар ҳоли афзоиш аст, кумаки бебозгашти таъҷилӣ  расонад. Тавре дар сомонаи сафорати Ҷопон хабар дода мешавад, маблағи кумак 65 млн долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, давлати Ҷопон тавассути ҳафт созмони байналмилалӣ ба Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он […]

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки дар онҳо талаботи кумакҳои башардӯстона барои гурезаҳо дар ҳоли афзоиш аст, кумаки бебозгашти таъҷилӣ  расонад.

Тавре дар сомонаи сафорати Ҷопон хабар дода мешавад, маблағи кумак 65 млн долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, давлати Ҷопон тавассути ҳафт созмони байналмилалӣ ба Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он (Покистон, Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) дар таъмин намудани паноҳгоҳ, дастгирӣ намудани соҳаҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдошт, ғизо, кишоварзӣ ва маориф кӯмакҳои башардӯстона ироа хоҳад кард.

Ба Тоҷикистон тариқи Раёсати Комиссариати олии умури гурезагони СММ дар Душанбе 700 ҳазор доллар кумак дода мешавад.

“Ҳукумати Ҷопон минбаъд низ аз мардуми Афғонистон ҳимоят ва пуштибонӣ намуда, дар таъмини субот дар ин минтақа нақши фаъол хоҳад дошт”, – гуфта мешавад дар маълумоти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки созмонҳои байнулмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар вазъият тағйир наёбад, Афғонистон ба гуруснагии бузургмиқёс дучор хоҳад шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.