Занони эътирозгар дар Кобул: “Сукути СММ шармовар аст”

Шуморе аз занони афғон бо нишони эътироз назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ҷамъ шуданд.  Онҳо зери шиорҳои "Ҷаҳон аз хомӯшиатон мешармад" ва  "Беэътиноии Созмони миллал шармовар аст" хостори ҳаққи омӯзиш ва кор шудаанд. Дар ин ҳол бархе аз занон ба хабаргузории маҳалӣ "Омоҷнюз" гуфтаанд, ки Толибон ба рӯзноманигорон иҷоза надоданд, ки раванди эътирозҳоро […]

Шуморе аз занони афғон бо нишони эътироз назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ҷамъ шуданд. 

Онҳо зери шиорҳои "Ҷаҳон аз хомӯшиатон мешармад" ва  "Беэътиноии Созмони миллал шармовар аст" хостори ҳаққи омӯзиш ва кор шудаанд.

Дар ин ҳол бархе аз занон ба хабаргузории маҳалӣ "Омоҷнюз" гуфтаанд, ки Толибон ба рӯзноманигорон иҷоза надоданд, ки раванди эътирозҳоро расонаӣ кунанд.

Эътирозҳои занон дар ҳолест, ки онҳо аз кор ва омӯзиш бозмондаанд ва мехоҳанд дубора сари  кор бираванд.

Намояндаҳои Толибон дар вокуниш ба хостаҳои занон ҳамчунон ба ваъдаҳояшон идома медиҳанд, аммо муддати се моҳи ҳукуматашон дар Афғонистон натавонистаанд ба ин эътирозҳо поён бахшанд.

Ба гузориши расонаҳо, Толибон пайваста аз расонаӣ кардани эътирозҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва гоҳе барои пароканда намудани мардум аз тирпарронӣ истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз хостаҳои ҷомеаи байнулмиллалӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва эҷоди кор ва иҷозаи кору таҳсил барои онҳо аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.