“Қасдан оташ задаанд”. Сабаби сӯхтори бозори “Баракат”- ро гуфтанд

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Гурӯҳи созмонёфтаи корӣ, ки омилҳои асосии сар задани сӯхторро дар бозори “Баракат” меомӯзанд, мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд он қасдан оташ зада шудааст.

Се манбаъ аз гурӯҳи кории созмонёфтаи Раёсати Хадамоти оташнишонии Суғд бидуни зикри ном дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бозори “Баракат”-ро қасдан оташ задаанд ва зиёни молии пешакӣ тахминан 760 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маълумот дар ин бора ба ҳукумати вилоят пешниҳод шудааст.

“Гурӯҳи корӣ таҳқиқро аз руйи фарзияи қасдан оташ задан, расиши кӯтоҳ, беэҳтиётӣ, кашидани сигор оғоз карда буд. Имрӯз бояд хуллосаи ниҳоӣ тасдиқ гардад. Аммо ҳоло 99,9% сабаби сӯхтори бозори “Баракат”-ро қасдан оташ задан хуллоса кардем ва эҳтимол ҳамин сабаби ниҳоӣ мешавад. Ҷузъиёти бештарро расман эълон мекунем», – гуфт, яке аз аъзоёни гуруҳи корӣ.

Ин бозори бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар роҳи “Хуҷанд-Конибодом”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми 21-уми октябр оташ гирифт. Вазорати корҳои дохилӣ дар хабарномае гуфт, ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, аммо ба маблағи 100 миллион сомонӣ молу маҳсулоти тоҷиронро аз комӣ оташ наҷот додаанд.

Як мақоми дигари Раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар Суғд гуфт, агар гурӯҳи корӣ ба хулосаи қасдан оташ задан иктифо кунанд, аз рӯйи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ – “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк” парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

“Он шаб соати 18:00 барқ дар бозор хомӯш шуда, камераҳои назоратӣ ҳам аз кор монда буд. Сӯхтор  соати тахмин 20:00 сар зад, агар камераҳои назоратӣ фаъол мебуданд, хулосагирӣ осон мешуд. Ҳоло баъзе камераҳое, ки бо қуввваи батарея кор мекарданд, санҷида истодаем”, – гуфт манбаъ

Гуфта мешавад, ки дар сӯхтор 8 дӯкон аз оташсӯзӣ талафоти калон дидааст. Пештар гуфта мешуд, ки оташ дар 400 метри мураббаъ паҳн гардида асосан тоҷирони фурӯши чӯбу тахта зиён дидаанд.

Феълан гумонбари оташсӯзӣ маълум нест, аммо манбаъҳо тайид карданд, ки мақомоти тафтишотӣ чанд нафарро бозпурсӣ кардаанд.

Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз сӯхтор дар бузургтарин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шимолии Тоҷикистон мақомот гуфтанд, ҳоло ба реҷаи муқаррарии корӣ оғоз кардааст. Бозори “Баракат” соли 2018 низ оташ гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...