“Беш аз 100 ҳазор гирифтааст”. Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич

Оҷонии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода хабар дод, ки номбурда ба тасарруф кардани молу мулки ғайр ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти оҷонсӣ имрӯз, 1 ноябр хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Суҳбатулло Санатуллозода, бо истифода […]

Оҷонии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода хабар дод, ки номбурда ба тасарруф кардани молу мулки ғайр ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти оҷонсӣ имрӯз, 1 ноябр хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Суҳбатулло Санатуллозода, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба шаҳрванд «А» дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ маблағи 102702 сомониро гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Суҳбатулло Санатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиш ба суд ирсол мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.