Сарбозони собиқи афғон ба сафҳои ДОИШ мепайванданд

Бархе аз собиқ аъзои хадамоти иктишофии Афғонистон, ки дар ИМА таълим гирифтаанд, инчунин воҳидҳои баргузидаи ҳарбӣ ба сафҳои бахши ташкилоти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон шомил шудаанд. Тибқи маълумоти The Wall Street Journal, ба ин кор бо он сабаб даст задаанд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба ҳоли худашон гузошта шудаанду толибон онҳоро таъқиб […]

Бархе аз собиқ аъзои хадамоти иктишофии Афғонистон, ки дар ИМА таълим гирифтаанд, инчунин воҳидҳои баргузидаи ҳарбӣ ба сафҳои бахши ташкилоти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон шомил шудаанд.

Тибқи маълумоти The Wall Street Journal, ба ин кор бо он сабаб даст задаанд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба ҳоли худашон гузошта шудаанду толибон онҳоро таъқиб мекунанд.

«Теъдоди фирориёни ба гурӯҳи террористӣ пайваста нисбатан кам аст, аммо ба гуфтаи раҳбарони Толибон, маъмурони собиқи амниятии Афғонистон ва афроде, ки фирориёнро мешиносанд, шумори онҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Муҳим он аст, ки ин сарбозон дар ҷамъоварии иттилоот ва усули ҷанг таҷрибаи зиёд дошта, эҳтимолан ба тавонмандии ДОИШ ҷиҳати муқовимат бо бартарии неруҳои Толибон тақвият бахшанд”, – менависад нашрия.

Гуфта мешавад, ҳарчанд Толибон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳукумати собиқ кор мекарданд, авф ваъда карда буданд, аммо дар асл онҳоро таъқиб ва саркӯб мекунанд.  

Қабл аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон ва тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз сӯи Толибон, бахши афғонии ДОИШ (ДОИШ- Хуросон) як созмони террористии нисбатан ҳошиявӣ (маргиналӣ) буд. Аммо ба далели он, ки низоми пешинаи амнияти Афғонистон комилан аз байн рафту Толибон ҳоло нави онро натавонистанд созмон диҳанд, шумори ҳамалоти террористӣ дар кишвар башиддат афзоиш ёфт, ки масъулияти онро ДОИШ ба дӯш гирифтааст, менависад хабаргузории Фергана.

Аз ҷумла, рӯзи 15 октябр маргталабони як гурӯҳи террористӣ ба масҷиди шиъаҳо дар шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 63 нафар ҳалок ва 83 кас захмӣ шуд. 8 октябр як маргталаби дигар худро дар масҷиди шаҳри Кундуз – шимоли кишвар тарконд, ки бар асари он ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла кӯдакон ҳалоку захмӣ шуданд.

Илова бар ин, ДОИШ тайи як моҳи ахир ба муассисаҳои динии сунниҳо ҳамла кард. Аз вилоятҳои шарқии Афғонистон, ки бо Покистон ҳаммарз аст, дар бораи тирпарронӣ миёни гуруҳҳои маҳаллии Толибон ва ҷонибдорони ДОИШ пайваста гузоришҳо мунташир мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои ахир намояндагони Толибон гузоришҳоеро мунташир мекунанд, ки ба онҳо муяссар шудааст бо миёнҷигарии пирон даҳҳо ҷангҷӯи ДОИШ-ро ба тарафи худ ҷалб кунанд.

Масалан, рӯзи 1 ноябр маълум шуд, ки дар вилояти шарқии Нангарҳор 34 ҷангҷӯи собиқи ДОИШ ба Толибон пайвастаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.