Дар масҷиди шиъаҳои Қандаҳор таркиш рух дод

Чанде пеш дар масҷиди шиъаҳои "Имомборгоҳ" дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳор таркиш рух додааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд. Гуфта мешавад таркиш дар ҳоле рух додааст, ки мардум масруфи адои намози ҷумъа будаанд. Дар ҳамин ҳол, шоҳидон ба Тулуънюз гуфтаанд, ки се таркиш пайи ҳам дар ин масҷид, ки яке аз бузургтарин масҷиди […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Чанде пеш дар масҷиди шиъаҳои "Имомборгоҳ" дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳор таркиш рух додааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад таркиш дар ҳоле рух додааст, ки мардум масруфи адои намози ҷумъа будаанд.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон ба Тулуънюз гуфтаанд, ки се таркиш пайи ҳам дар ин масҷид, ки яке аз бузургтарин масҷиди шаҳри Қандаҳор аст, намозгузоронро ҳадаф қарор додааст.

Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ, то кунун таркиш ҳудуди 33 кушта ва беш аз 58 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ дар масҷиди шиъаҳои Кундуз низ таркиш рух дода буд, ки дар натиҷа беш аз 200 кушта ва захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи Кундузро гурӯҳи ДОИШ ба ӯҳда гирифтааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.