Чемпионҳои Тоҷикистон оид ба шоҳмот муайян шуданд

Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва занон ба анҷом расид. Дар он мисли чемпионати соли 2019 Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ғолиб омаданд. Соли 2020 бар асари пандемия чемпионат оид ба шоҳмот дар Тоҷикистон баргузор нашуд. Тавре котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар мусобиқа 35 нафар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва занон ба анҷом расид. Дар он мисли чемпионати соли 2019 Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ғолиб омаданд. Соли 2020 бар асари пандемия чемпионат оид ба шоҳмот дар Тоҷикистон баргузор нашуд.

Тавре котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар мусобиқа 35 нафар мардон ва 17 нафар занон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Байни занон бо касби 8,5 имтиёз аз 9 имтиёзи имконпазир Ҷамшед Исоев пирӯзӣ ба даст оварда, зинаи дуюмро бо 7 имтиёз Аъзам Юнусов ишғол кард. Барои ишғоли ҷойи сеюм якбора 6 шоҳмотбоз довталаӣ доштанд, ки ҳамаашон 6-имтиёзӣ гирифта буданд, лекин мувофиқи имтиёзҳои иловагӣ зинаи сеюм ба Аҳмад Афзалзода дода шуд.

Байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 7 холи имконпазир 7 имтиёз гирифта, касе бо ӯ рақобат карда натавонист. Зинаи дуюмро бо касби 6 имтиёз Рухшона Саидова ва мақоми сеюмро бо 4,5 имтиёз Амина Масҳабова ишғол намуданд.

Акнун иштироки шоҳмотбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷашнвораи шоҳмот дар Душанбе ва Ҷоми кушоди президенти Ӯзбекистон дар Тошканд дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.