Оғози таҳияи рӯйхати электронии ҷавонони бекор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон марҳилаи озмоишӣ (пилотӣ)-и барномаи электронии сабти ҷавонони бекор ва бекасб оғоз гардида, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Ҳадафи асосии барнома муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба […]

Дар Тоҷикистон марҳилаи озмоишӣ (пилотӣ)-и барномаи электронии сабти ҷавонони бекор ва бекасб оғоз гардида, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии барнома муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони кишвар унвон мешавад.

Барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21 майи соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Моҳи майи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонон бо намояндагони насли наврас дидору мулоқот кард.

Он замон президент ба масъалаи бекорӣ байни ҷавонон дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки ҳамасола зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори кори ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Президент он вақт ба вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дода буд, ки рӯйхати ҷавонони бекорро тартиб диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки зиёда аз 70%-и ҷойҳои корие, ки фароҳам оварда мешаванд, бояд барои ҷавонон пешбинӣ шуда бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.