Home Сужаҳо Афғонистон 15 куштаву 34 захмӣ: Ҳамла ба бемористони Сардор Довудхон дар Кобул

15 куштаву 34 захмӣ: Ҳамла ба бемористони Сардор Довудхон дар Кобул

0
2810

Дар пайи ҳамла ва ду инфиҷор ба бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул 15 тан куштаву 34 нафар захмӣ шудааст. Рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки манобеи амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" гуфтаанд, ки инфиҷорҳо ва даргириҳои то кунун ба таври пароканда идома доранд.

Хабари теъдоди куштаву захмишудаҳоро манобеи амниятии толибон ба Ройтерз таъйид кардаанд. 

Бемористони  "Эмирҷинси"-и Кобул ҳам гуфтааст, ки то кунун 9 тан аз захмиёни ин даргириҳо ба ин макон интиқол дода шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки қурбониёну захмиёни ин инфиҷорҳо аз шумули ҳамлакунандагону неруҳои толибонанд ё аз шумори кормандону беморони бемористон.

Ба навиштаи манбаъ, ин инфиҷорҳо нисфирӯзи сешанбеи 2-юми ноябр рух додаанд.

Манбаъ менависад, "гуфта шудааст, ки ҳамлакунандагон аъзои  гуруҳи ДИИШ будаанд, ки пас аз аз анҷоми ду ҳамлаи интиҳорӣ дар атрофи беморхона, бо неруҳои толибон даргир шудаанд".

Аммо гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон то кунун масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Шумори ҳамлакунандагонро 13 нафар гуфтаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/society/20211102/160-oilai-gurezaoi-afon-arib-du-mo-inonib-az-toikiston-kumak-intizorand

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here