Хушхабар: Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U 23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷомии Осиё-2022 роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.  Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон  шомили чоргонаи тимҳи беҳтарине шудааст, ки […]

Asia-Plus

Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U 23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷомии Осиё-2022 роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон  шомили чоргонаи тимҳи беҳтарине шудааст, ки дар гурӯҳҳои худ мақоми дувумро гирифтаанд. 

Тоҷикистоне бо ду пирӯзӣ бар Лубнону Непал бо ҳисоби 2:1 ва 6:0 ва як бохт аз Эрон (3:2) мақоми дувуми гуруҳи худро соҳиб шуда буд. 

Бозии даври охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни тимҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ва Эрон шаби 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7200 тамошобин доир гардид.

Ҳамаи панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Бозигари мизбонон Ислом Зоиров дар дақиқаи 10-ум тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба ҳадаф расонд ва ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа капитан ё сарвони тими Эрон Ёсин Салмонӣ бо задани зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи тахминан 18 метр муваффақ шуд ва ҳисобро баробар кард.

Голи дувуми Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 22-юм аз пенолтӣ ба самар расонид. Ду голи дигари Эронро сарвони ин тим Ёсин Салмонӣ дар дақиқаҳои 19-уми ва 45-уми зад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.