15 куштаву 34 захмӣ: Ҳамла ба бемористони Сардор Довудхон дар Кобул

Дар пайи ҳамла ва ду инфиҷор ба бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул 15 тан куштаву 34 нафар захмӣ шудааст. Рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки манобеи амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" гуфтаанд, ки инфиҷорҳо ва даргириҳои то кунун ба таври пароканда идома доранд. Хабари теъдоди куштаву захмишудаҳоро манобеи амниятии толибон ба Ройтерз […]

Дар пайи ҳамла ва ду инфиҷор ба бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул 15 тан куштаву 34 нафар захмӣ шудааст. Рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки манобеи амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" гуфтаанд, ки инфиҷорҳо ва даргириҳои то кунун ба таври пароканда идома доранд.

Хабари теъдоди куштаву захмишудаҳоро манобеи амниятии толибон ба Ройтерз таъйид кардаанд. 

Бемористони  "Эмирҷинси"-и Кобул ҳам гуфтааст, ки то кунун 9 тан аз захмиёни ин даргириҳо ба ин макон интиқол дода шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки қурбониёну захмиёни ин инфиҷорҳо аз шумули ҳамлакунандагону неруҳои толибонанд ё аз шумори кормандону беморони бемористон.

Ба навиштаи манбаъ, ин инфиҷорҳо нисфирӯзи сешанбеи 2-юми ноябр рух додаанд.

Манбаъ менависад, "гуфта шудааст, ки ҳамлакунандагон аъзои  гуруҳи ДИИШ будаанд, ки пас аз аз анҷоми ду ҳамлаи интиҳорӣ дар атрофи беморхона, бо неруҳои толибон даргир шудаанд".

Аммо гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон то кунун масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Шумори ҳамлакунандагонро 13 нафар гуфтаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/society/20211102/160-oilai-gurezaoi-afon-arib-du-mo-inonib-az-toikiston-kumak-intizorand

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.