Нигаронии генерал Шариф Назарзода аз ронандагони масти таксӣ дар Душанбе

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз фаъолияти ронандагони мусофиркаши такси изҳори нигаронӣ карда, иброз намудааст, ки бархеи онҳо дар ҳолати мастӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор сабабгори садамаҳои нақлиётӣ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти ниҳод зери раҳбарии Назарзода, дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабти ном шудааст.

Ин нигаронии сардори пулиси пойтахт,- бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбева Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе, садо додааст.

Назарзода ин ҷаласа иброз намудааст, ки «яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чамбараки автомашина нишаста, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист». 

Пулиси Душанбе мегӯяд, сарфи назар аз аз чораҳои андешида дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар захмӣ шудаанд. Тибқи таҳлилҳои ин ин ниҳод дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 % ва маҷруҳон 24,0 % афзоиш ёфта, хушбахтона шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20,0% коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...