Русия аз Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хост миёни мардуми Афғонистон низоъангезӣ накунад

Намояндаи расмии Вазорат умури хориҷаи Русия Мария Захарова зимни брифинги рӯзи 3 ноябр изҳор намуд, ки Русия нерӯҳои этникии сиёсии Афғонистонро ба худдорӣ аз барангехтани низои дохилии миллӣ даъват мекунад. “Бар ин назарем, ки дар марҳилаи кунунӣ ба нерӯҳои мухталифи этникии сиёсии кишвар лозим аст, ки аз амалҳои барангехтани муноқишаи байни мардуми афғон худдорӣ кунанд", […]

Намояндаи расмии Вазорат умури хориҷаи Русия Мария Захарова зимни брифинги рӯзи 3 ноябр изҳор намуд, ки Русия нерӯҳои этникии сиёсии Афғонистонро ба худдорӣ аз барангехтани низои дохилии миллӣ даъват мекунад.

“Бар ин назарем, ки дар марҳилаи кунунӣ ба нерӯҳои мухталифи этникии сиёсии кишвар лозим аст, ки аз амалҳои барангехтани муноқишаи байни мардуми афғон худдорӣ кунанд", – гуфтааст ӯ дар шарҳи маълумот доир ба омодагии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  ҷиҳати азсаргирии амалиёти ҷангӣ бо гуруҳҳои тундгаро.

Захарова зикр кардааст, ки ҷонибҳои даргир “бояд роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро низ ҷустуҷӯ кунанд, то сулҳу субот ва амнияти пойдор дар Афғонистон ва минтақаи атроф барқарор шавад”.

Вай ҳамчунин ҳамлаҳои террористии 2 ноябр аз сӯи ДОИШ дар як бемористони низомии Кобулро, ки бино ба гузоришҳо, ҳудуди 20 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд, маҳкум кард.

Ҳамзамон ӯ аз талошҳои ҳукумати муваққати Афғонистон баҳри таъмини амният ҷиҳати истиқрори зиндагии одии осоишта ёдовар шудааст.

“Дар вилояти шарқии Нангарҳор зиёда аз 60 нафар ҷангиии ДОШИ силоҳҳои худро гузошта ба ҳукумати Толибон таслим шуданд. Дар шароити қатъи амалиёти дороиҳои миллии Афғонистон аз ҷониби Ғарб, Бонки марказӣ ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломиро эълон кард, ки дар он тақсими фоида ва зиён байни амонатгузорони бонкҳо ва қарзгирандагон, мавҷуд набудани фоизҳои қарз ва гарав, инчунин дигар ҷузъиёт пешбинӣ шудааст”, – иброз доштааст Мария Захарова.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.