Нигаронии генерал Шариф Назарзода аз ронандагони масти таксӣ дар Душанбе

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз фаъолияти ронандагони мусофиркаши такси изҳори нигаронӣ карда, иброз намудааст, ки бархеи онҳо дар ҳолати мастӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор сабабгори садамаҳои нақлиётӣ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти ниҳод зери раҳбарии Назарзода, дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 […]

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз фаъолияти ронандагони мусофиркаши такси изҳори нигаронӣ карда, иброз намудааст, ки бархеи онҳо дар ҳолати мастӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор сабабгори садамаҳои нақлиётӣ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти ниҳод зери раҳбарии Назарзода, дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабти ном шудааст.

Ин нигаронии сардори пулиси пойтахт,- бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбева Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе, садо додааст.

Назарзода ин ҷаласа иброз намудааст, ки «яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чамбараки автомашина нишаста, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист». 

Пулиси Душанбе мегӯяд, сарфи назар аз аз чораҳои андешида дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар захмӣ шудаанд. Тибқи таҳлилҳои ин ин ниҳод дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 % ва маҷруҳон 24,0 % афзоиш ёфта, хушбахтона шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20,0% коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.