Парвандаи нав: Ҷунайдулло Худоёровро ин бор ба авбошӣ муттаҳам мекунанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рашт алайҳи Ҷунайдулло Худоёров як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо гумони авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Дар ин бора худи Худоёров ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Мавсуф гуфт, ӯро дар муноқиша бо хонаводаи гумонбарони куштори бародарзодааш Алиризо Худоёров матаҳҳам медонанд ва онҳо даъво кардаанд, ки гӯё Худоёров бо табар ба онҳо ҳамла кардааст. Вале худи Худоёров иддаоро рад намуд ва гуфт, ки нафаре ки шикоят кардааст, ӯро ба қатл таҳдид намудааст, дар муноқишае ки ӯ ором кард, ширкат надошт.

Баҳси хонаводаи Худоёровҳо бо ҷониби дигар баъди куштори Алиризо Худоёрови  21-сола, донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Рашт, ки моҳи июли имсол дар як занозанӣ аз зарби корд ба ҳалокат расид, оғоз шуд. То кунун ду нафар бо гумони даст доштан дар ҳодиса дастгир шудаанд, аммо наздикони Худоёров ҳодисаро "аз пеш тарҳрезишуда" ва "кори дасти камаш панҷ нафар" медонанд.

Ҷунайдулло Худоёров ҳодисаи рӯзи 27-уми октябрро чунин нақл кард:

“Он рӯз, вақте модарам аз хонаи апаам бармегашт, Алишери Насриддин яке аз гумонбарони аслии қатли бародарзодаам ба ӯ мегӯяд, аз марги амакам Мансур Ҳамидов, ки ҳамон рӯз даргузашта буд, хурсанд шудӣ. Модарам мегӯяд, “кори нохуб шуд, беҳтараш зинда мемонду марги писари қотилашро медиду мисли ман месӯхт”. Ҳамин замон Алишер модарамро латукӯб мекунад. Дар натиҷа, ташхис муайян кард, ки ба саломатии модарам зарари миёнаи ҷисмонӣ расидааст”.

Мавсуф бо табар ҳамла кардан ба Алишери Насриддинро рад кард ва гуфт, ҳангоме ӯ аз муноқиша огоҳ шуду мехост ба хабаргирии модараш равад, дар роҳ гурӯҳе аз ҷавононро вохӯрд ва аз яке аз гумонбарони қатли бародарзодааш, ки дар лутукӯби модараш даст дошт, сабаби латукӯби модарашро пурсид, вале ӯ ба Худоёров ҳамлаи лафзӣ кард. Дар байни онҳо Алишери Насриддин набуд.

– Дар ҳамин вақт ман табари дастамро ба як нафари дигар дода, муноқишаро бе ягон зӯрӣ ором кардам, -гуфт Худоёров.

Яке аз наздикони Алишери Насриддин, дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” ҳодисаро тасдиқ намуда, гуфтааст, дар ёд надорад, ки ҳангоми муноқиша дар дасти Ҷунайдулло табар буд ё не.

Худоёров мегӯяд, кушодашаии парванда алайҳи ӯ идомаи баҳси куштори бародарзодааш аст ва он дар пай ду ҳадаф дорад: якум, бояд ӯ дар компрамис равад то Алишер дар қатли бародарзодааш ҷавоб нагӯяд; дуюм, бояд ӯ хомӯш бошад ва дигар дар барои боздошти қотилони бародарзодааш Алиризо садо набарорад.

Мавсуф гуфт, ӯро аллакай ба Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт даъват намуда, дар бораи боз шудани парванда алайҳаш огоҳ карданд ва гуфтанд ки аз болои шикояти ҷабрдидаҳо парванда боз шудааст.

– Гуфтанд, натиҷаи тафтиш нишон медиҳад, ки дар муноқиша ман ҳузур доштам ё не, – афзуд Худоёров.

Соли 2018 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷунайдулло Худоёровро барои нашри шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷурми "ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) -"Салафия", ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Ӯ баъди тақрибан ду соли адои ҷазо тибқи қонуни авф моҳи октябри соли 2019 ба озодӣ баромад ва гуфт, маҳз танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтидани ӯ шудааст. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро фармоишӣ донист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...