TALKO Gold то ҷашни Наврӯз комилан ба кор мепардозад

Маҷмааи истеҳсолиии ҶСП “ТАЛКО Голд” (TALKO Gold), ки сохтмонаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷараён дорад, то охири моҳи марти соли 2022 пурра барои истифода омода хоҳад шуд. Зимни саёҳати матбуотӣ (пресс-тур)-и чанд рӯз пеш ба қаламрави маҷмаа бинокорон хабар доданд, ки ҳоло танҳо ба анҷом расондани корҳои насбу пардозгарӣ боқӣ монда, истихроҷи флюорит, ки […]

Маҷмааи истеҳсолиии ҶСП “ТАЛКО Голд” (TALKO Gold), ки сохтмонаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷараён дорад, то охири моҳи марти соли 2022 пурра барои истифода омода хоҳад шуд.

Зимни саёҳати матбуотӣ (пресс-тур)-и чанд рӯз пеш ба қаламрави маҷмаа бинокорон хабар доданд, ки ҳоло танҳо ба анҷом расондани корҳои насбу пардозгарӣ боқӣ монда, истихроҷи флюорит, ки барои истеҳсоли алюминий истифода мешавад, аллакай оғоз ёфтааст.

Дар назар аст, ки аввали соли оянда иқтидорҳои истихроҷи фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо  ба кор дароварда шуда, пас аз итмоми корҳои сохтмон то ҷашни Наврӯз, маҷмаа пурра ба фаъолият оғоз мекунад.

ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит – беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра беш аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тонна ба қайд гирифта шудааст. Минералҳои истихроҷшуда то маҳсулоти ниҳойӣ дар Тоҷикистон коркард мешаванд.

Ҳаҷми умумии сармоягузории ҶСП “ТАЛКО Голд” 200 млн долларро ташкил медиҳад. Саҳмиядорон – КВД “Ширкати алюминии тоҷик” ва “Ҷамъияти саҳҳмоии “Ширкати саноати кӯҳкории Тибет Хуаюй”-и Чин мебошанд, ки ҳар кадоме дар сармояи оииномавии ҶСП 50%-ӣ саҳмия доранд.

Дар доираи «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО» аввали соли 2016 КВД “ТАЛКО” ҷамъияти саҳҳомӣ шуда, барои коркарди кони маъдани мазкур иҷозатнома гирифт. Корҳои бевоситаи сохтмони маҷмааи истеҳсолӣ моҳи июни соли 2018 оғоз гардиданд.

Дар назар буд, ки маҷмаа соли 2020 мавриди истифода қарор гирад, лекин ба гуфтаи бинокорон, пандемияи COVID-19 ба ҷараёни корҳо монеъа эҷод кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.